Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОР ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар ҷудо мекуна

Се соли наздик Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Дар ин бора президенти БОР Такехико Накао, ки бо сафари серӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳори назар кард.

«БОР ба робитаҳои амиқ ва мустаҳкам бо Тоҷикистон арҷ гузошта, ба дастгирии афзалиятҳои рушди кишвар идома медиҳад, - овардааст гуфтаҳои Накаоро намояндагии бонк дар ҶТ - Давоми солҳои 2018-2020 БОР барои мусоидат ба ислоҳот ва рушди зербинои бахши энергетика, беҳбуди вазъи идоракуниии захираҳои об ва хатарҳои офатҳои табиӣ, рушди шаҳрҳо, соҳаҳои тандурутӣ ва маориф, инчунин барқарор кардани долонҳои калидии нақлиёт ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар маблағ ҷудо карданист».

Таҳлилгарони БОР бар ин назаранд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон «сарфи назар аз муҳити душвори беруна, ки ба он ноустувории нархҳо ба молҳои асосӣ хос аст», босубот боқӣ мемонанд.

Бонк чанде пеш пешгӯии худ барои кишвар дар самти афзоиши то 5,0 фоиз дар соли 2017-ро бозбинӣ кард.

«Бо назардошти захираҳои бойи табиӣ, рушди зербино ва талоши ҳукумат дар роҳандозии ислоҳот, ки ба тавсеъаи нақши бахши хусусӣ дар иқтисод нигаронида шудааст, дурнамои миёнамуҳлати иқтисодии Тоҷикистон мусоид аст», - гуфтааст Накао.

Президенти БОР имрӯз бо Сарвари давлати Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, зимни сафари серӯза бо муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода низ мулоқот кард.

Тоҷикистон соли 1998 ба БОР ҳамроҳ шуд. То имрӯз БОР барои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз 1,5 млрд. доллар қарзҳои имтиёзноку грант ва кумаки техникиро маъқул шуморидааст.

 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН