Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзишҳо оиди беҳдоштии об

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ аз таърихи 11- уми декабр то 30- уми соли 2017 дар ноҳияҳои вилояти Суғд аз тариқи лоиҳаи “Маблағгузории сабз”   дар мавзӯи “Беҳдоштии об”  20 тренинги якрӯза ташкил карда шуд. Дар давоми омӯзиш ду мавзуъ пешниҳод карда шуд: беҳдоштии об ва бемориҳои респираторӣ. Ҳар дуи ин мавзуъ дар дастур оиди амалисозии сиёсати гендерии лоиҳа қайд гардидааст, зеро ки онҳо  бо тағйир додани вазъи саломатии занҳо иртибот доранд. Дар қисмати мавзӯи беҳдоштӣ ба иштирокчиён оиди сохтор ва таркиби об, намудҳои оби нӯшокӣ, шароити нигаҳдории об дар шароити маҳаллаҳо, роҳҳои тоза кардани об барои истеъмол, бемориҳои сироятиии бо истеъмоли об вобастабуда ва тарзи дурусти истифодаи об маълумот пешниҳод карда шуд. Ба иштирокчиён оиди истифодаи дурусти об маслиҳатҳои тиббӣ- гигиенӣ дода шуд.

Сессияи дуввуми тренинг аз пешниҳоди маълумот оид  ба  бемориҳои респираторӣ иборат буд. Дар давоми пешниҳоди мавзуъ ба иштирокчиён оид ба хосиятҳои химиявӣ ва физикии чанг, манбаҳои пайдоиши чанг ва таркиби дуд  маълумот пешниҳод гардид. Дар ҳамин қисмат инчунин маълумот оиди узвҳои нафаскашӣ ва мутассиргардии онҳо аз чангу дуд маълумот дода шуд. Иштирокчиён ҳамчунин дар бораи кам кардани таъсири чангу дуд ва пешгирии касалиҳои респираторӣ ахбороти мукаммал дастрас намуданд.

Дар ҳамаи тренингҳо оид ба маводҳои зеҳнии неруҳои сабз ва аҳамияти онҳо  маълумоти мухтасар пешниҳод гардид. Маълумот оиди панелҳои офтобӣ ва коллекторҳои офтобӣ барои иштирокчиён мароқангез  буд.

Тренингҳои беҳдоштӣ дар  ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен ва шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан ва Конибодом ташкил карда шуданд. Дар ин тренингҳо 507 нафар одамон иштирок намуданд. Аксари онҳо мизоҷони ташкилотҳои амонатӣ қарзии Арванд ва Имон Интернешенал мебошанд. Аз шумораи қайдгардида 144 нафар мард ва 363 нафар занҳо буданд. Даҳ тренинг бо ҳамкории муассисаи молии Арванд ва даҳтои дигар бо ҳамкорӣ ва дастгирии муассисаи молии Имон Интернешенал гузаронида шуд. Маркази татбиқи лоиҳаҳо идомаи чунин тренингро дар маҳаллаҳои вилояти Хатлон дар назар дорад.

    

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН