Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Симпозиум Таърихи дастовардҳои панҷсола

Дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёгии Рушд “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” 19 уми октябри соли 2018 Симпозиум баргузор гардид. Дар симпозиум 150 нафар аз вазоратҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва БОР иштирок намуданд. Мавзӯи асосии симпозиум “ Таърихи дастовардҳои панҷсола” буд, зеро ки лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” имсол ба охир мерасад.

Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” барои  танзими самтҳои қарзӣ ва системаи қарзии хурд дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ равона гардидааст, ки  он бо роҳи ба оилаҳо, хоҷагиҳо ва соҳибкорони хурд пешниҳод намудани  қарзҳои имтиёзнок  барои сохтумони манзилҳои каммасрафи барқӣ ва аз назари экологӣ тоза, дастрас намудани таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, маводҳои гарминигаҳдоранда, панелҳои офтобӣ ва таҷҳизоти таъминкунандаи оби гарм        ( мавсуф бо унвони “маводҳи сабз”) амалӣ карда мешавад.

Тавассути МТЛ қарзҳо ба ташкилотҳои хурди қарзии ТАҚХ “Имон Интернешенал” ва ТАҚХ “Арванд” аз тариқи шартномаҳои зерқарзӣ  барои ташкил намудани хати қарзӣ  маблағ пешниҳод када шуд, ки онҳо дар навбати худ ин маблағро барои хариди маводҳои сохтумонӣ ва таҷҳизоти каммаспафи барқӣ пешниҳод намуданд. Маблағи умумии хати қарзии мазкур 8,8 млн. доллари ИМА ро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар 52 ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеи Ҷумҳурӣ ба 6, 843 нафар қарз дода шуд, ки аз ин миқдор 2, 796 нафарро зан ва 4, 047 нафарро мард ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, аҳолӣ моҳияти  маводҳои самараноки неругиро хубтар дарк намуданд, ки ин мавоҳо на танҳо воситаи хуб барои сарфа намудани будҷаи оилавӣ мебошанд, балки имкон медиҳанд, то дар шароити норасоии барқ дар фасли зимистон онро самаранок истифода баранд.

Симпозиум  дар худ пайдарҳамии баромадҳо ва баҳсу муҳокимаҳорониҳоро  шомил намуда буд. Мавзуҳои зерин дар давоми симпозиум пешниҳод гардиданд:

 

  • Мақсади лоиҳа, натиҷаҳо ва дастовардҳо дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” – баромадкунанда  Иҷрокунандаи вазифаи директори МТЛ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Илҳомҷон.
  • Стратегияи ҳамкории БОР ва Тоҷикистон ва мақсадҳои асосии лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” – баромадкунанда Рамояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава.
  • Натиҷаҳо ва дастовардҳо дар панҷ соли ҳамкорӣ дар доиари лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз”, аз ҷониби роҳбарони ТАҚХ “Имон Интернешенал” ва “Арванд” пешниҳод гардиданд.
  • Ахборои техникӣ оид ба “Таҷҳиҳоти сабз” аз ҷониби намояндаи МММ “Системавтоматика” пешниҳод карда шуд.
  • Бозтамвили маблағҳо ва ҷараёни интихоби муассисаҳои млиявӣ барои маблағгузории нав, аз ҷониби мутахассис оид ба баҳодиҳӣ ва таҳлили ташкилотҳои қарзии хурд дар МТЛ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансуров Масрур пешниҳод карда шуд.
  • Дастрасии маблағӣ ба манзилҳои самараноки нерӯгӣ – баромадкунанда роҳбари лоиҳаи GERES (Гуруҳ оид ба масъалаҳои муҳити иҳотакарда ва манбаъҳои барқароршавандаи нерӯгӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ) Ренон ле Сквер.
  • Масоили экологӣ, аз ҷониби мушовири Марказ оид ба экология Мирзоев Солеҳҷон пешниҳод шуд,
  • Масоили гендерӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷониби мутахассиси Марказ  оид ба масоили иҷтимоӣ ва гендер  Наимов Насрулло пешниҳод шудааст.

 Симпозиум барои иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки онҳо ҳамаи дастовардҳои дар давоми панҷ сол ба даст омадаро муҳокима намоянд. Ҳамчунин масъалаҳои марбути нерӯи сабз, имкониятҳои он ва шароитҳои пешниҳод намудани қарзҳои нав аз ҷониби иштирокиён ва намояндагони МТЛ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН