Компоненти 2.1. Барқарорсозии пулҳо
Дар доираи Лоиҳа дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 пул барқарор карда мешавад.
Номгӯи пулҳои барқароршаванда
Пули № |
|
Номи дарё
|
Дарозии пули нав (м)
|
Паҳноии пули нав якҷо бо роҳрав (м) |
Дарозии роҳи ду тарафи пул (м)
|
|
1. |
Ванҷ-Язгулом |
Язгулом |
35 |
7 |
288 |
|
2. |
Ванҷ-Язгулом
|
Андарбак (Камочдара) |
20
|
7 |
210 |
|
3. |
Ванҷ-Язгулом |
Язгулом |
35 |
7 |
254 |
|
4. |
Ванҷи Боло |
Удоб |
26 |
7 |
321 |
|
5. |
Чихох-Равгада |
Оби Чихох |
17 |
7 |
127 |
|
6. |
Ванҷи Боло |
Ванҷ |
38 |
7 |
301 |
|
7. |
Ванҷи Боло |
Оби Сед |
35 |
7 |
584 |
|
8 |
Ванҷи Боло |
Ардобак |
20 |
7 |
260 |
|
9. |
Душанбе-Кӯлоб-Кулма-- км 538 |
Баррушондара
|
20
|
13 |
414 |
|
10. |
Душанбе-Кӯлоб-Кулма |
Дарёи Аличур
|
48,2
|
7,8 |
538
|
|
11. |
Душанбе-Кӯлоб-Кулма |
Дарёи Кобриген |
16,1 |
12 |
381
|
|
12. |
Душанбе-Кӯлоб-Кулма |
Дарёи Оқбайтал |
16,1
|
12 |
352 |
|
13. |
Мурғоб -Ӯш
|
Дарёи Пшарти шарқӣ |
16,1 |
12,0 |
517 |
|
14. |
Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма |
Дарёи Яхчипун |
32,6
|
12,0 |
377
|
|
15. |
Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма |
Дарёи Гулдара |
36 |
12,5 |
555
|
|
16 |
Рӯшон-Бартанг-Гулдара –Музкул |
|
38,6
|
3,5 |
433 |
|
17 |
Рӯшон-Бартанг-Гулдара –Музкул |
Дарёи Бартанг |
|
4,1 |
577
|
|
18 |
Рӯшон-Бартанг-Гулдара –Музкул |
Дарёи Бартанг |
41,0
|
3,9 |
433
|
Пули №1. Деҳаи Андарбак- Жамак, Язгулом, Ванҷ.
Пули нав дар болои дарёи Язгулом сохта шуда, дарозиаш 35 метр, паҳноиаш 7 метр ва роҳи барқароршавандаи ду тарафи пул 288 метрро ташкил медиҳад.
Пули №2, деҳаи Андарбак, водии Язгулом, Ванҷ.
Пули нав дар болои дарёчаи Камочдара сохта мешавад. Дарозиаш 20 метр ва бараш 7 метрро ташкил медиҳад. Роҳҳои ду тарафи пул бошад 210 метр муқаррар шудааст..
Пули №3. Водии Язгулом, ноҳияи Ванҷ
Пули нав дар байни деҳаҳои Андарбак ва Вишхарв дар болои дарёи Язгулом бунёд мегардад. Дарозиаш 35 метр, бараш 7 метр ва роҳҳои ду тарафи пул 254 метрро ташкил медиҳад
Пули №4. Деҳаи Удоб, ноҳияи Ванҷ.
Пули нав дар байни деҳаҳои Техарв ва Удоб, дар рӯи дарёчаи Удоб барқарор хоҳад шуд. Дарозии пул 26 метр, бараш 7 метр ва дарозии роҳи ду тарафи пул 301 метрро ташкил медиҳад.
Пули №5. Деҳаи Чихох, Ванҷи боло, ноҳияи Ванҷ.
Ин пул дар болои дарёчаи Оби Чихох, дар деҳаи Чихохи ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷ барқарор карда шуда, дарозиаш 17 метр, бараш 7 метр ва роҳи ду тарафи пул 127 метрро ташкил медиҳад.
Пули № 6. Деҳаи Техарв, Ванҷи Боло, Ванҷ.
Пули нав дар болои дарёи Ванҷоб, дар айни деҳаҳои Техарв ва Чихох барқарор карда мешавад. Дарозии он 38 метр, бараш 7 метр буда, 301 метр роҳҳои ду тарафи пул сохта хоҳанд шуд.
Пули №7. Деҳаи Сед, ҷамоати Техарв, ноҳияи Ванҷ.
Ин пул дар болои дарёчаи Оби Сед, дар наздикии деҳаи Сед барқарор карда хоҳад шуд. Аз рӯи лоиҳа дарозии пул 35 метр, бараш 7 метр ва роҳҳои ду тарафи пул 584 метрро ташкил медиҳад.
Пули №8. Деҳаи Ардобак, ҷамоати Ҷовидон, ноҳияи Ванҷ.
Пули нав дар болои дарёчаи Ардобак, дар наздикии деҳаи Ардобаки ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ сохта мешавад. Дарозиаш 20 метр, бараш7 метр ва роҳи ду тарафи пул 260 метрро ташкил медиҳад.
Пули №9, деҳаи Баррӯшон, ноҳияи Рӯшон.
Пули нав дар болои дарёчаи байни деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, дар роҳи калони Душанбе-Хоруғ-Кулма барқарор карда мешавад. Аз рӯи лоиҳа дарозии пули нав 20 метр, бараш 13 метр буда, роҳҳои ду тарафи пул 414 метрро ташкил медиҳад.
Пули №10 . деҳаи Аличур, ноҳияи Мурғоб.
Пули нав дар болои дарёчаи Аличур, наздикии деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб бо дарозии 48.2 метр, паҳноии 7 метр сохта мешавад. Роҳҳои аз ду тараф пайвастшавандаи пул 538 метрро ташкил медиҳад
Пули №11 дар дашти Аличур, ҳудуди ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб.
Бар ивази пули кӯҳнаи нимвайрона пули нав бо дарозии 16.1 метр дар болои дарёчаи Кобриген сохта мешавад. Бари пул 1 метр ва роҳҳои ду тарафи он 381 метрро ташкил медиҳад.
Пули № 12 дар ҳудуди ҷамоати Бердибоеви ноҳияи Мурғоб.
Аз ҷониби Лоиҳа ба ҷои пули кӯҳна дар болои дарёчаи Оқбайтал, ҳудуди ҷамоати Бердибоеви ноҳияи Мурғоб пули нав бо дарозии 16,1 метр, бараш 12 метр ва роҳҳои барқароршавандаи ду тарафи пул 352 метр бунёд карда мешавад.
Пули № дар ҳудуди ҷамоати Бердибоеви ноҳияи Мурғоб.
Дар мавеи Пшарти шарқии ҳудуди ҷамоати Бердибоеви ноҳияи Мурғоб пули нав бо дарозии 16,1 метр, бараш 12 метр ва роҳҳои барқароршавандаи ду тарафи пул 517 метр аз ҷониби Лоиҳа сохта хоҳад шуд.
Пули №14. Ҳудуди ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз.
Пул дар километри 267-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма воқеъ гардидааст. Дарозии пули нав 32,6 метр, бараш 12 метр ва роҳҳои ду тарафи пул 377 метрро ташкил медиҳад.
Пули №15. Дар мавзеи Гулдараи ҳудуди ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз.
Пул дар километри 272-юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз воқеъ гардидааст. Дарозии пули нав 36 метр, бараш 12,5 метр ва роҳҳои ду тарафи пул 555 метрро ташкил медиҳад.
Пули №16, дар ҳудуди деҳаи Даржомчи ҷамоати Бартанг, ноҳияи Рӯшон
Пул дар болои дарёи Бартанг барқарор карда шуда, аз рӯи лоиҳа дарозиаш 38,6 метр, бараш 3,5 метр ва роҳҳои ду тарафаш 433 метрро ташкил медиҳад.
Пули № 17, деҳаи Басид, ноҳияи Рӯшон.
Дар ҳудуди ҷамоати Басиди ноҳияи Рӯшон аз ҷониби Лоиҳа сохтмони пули нав ба нақша гирифта шудааст, ки дарозиаш 35,8 метр, бараш 4,1 метр ва роҳҳои ду тарафи он 577 метрро ташкил медиҳад.
Пули № 18, дар ҳудуди ҷамоати Басид, ноҳияи Рӯшон
Пул дар водии Бартанг, дар ҳудуди ҷамоати Басид воқеъ гардидааст. Аз рӯи лоиҳа пули нав бо дарозии 41 метр, бараш 3,9 метр ва роҳҳои ду тарафи он 433 метр сохта мешавад.
Аз ҷониби Лоиҳа оғози корҳои сохтмонӣ дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.