Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019”

19 апрели соли 2019 дар Доншгоҳи давлатии молия ва иқтисод маросими ҷамъбасти даври финалии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни дастаҳои воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат барои дарёфти “Ҷоми Наврӯз-2019” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ, Муовини вазири молия, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло баромад карда, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони Вазорат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур санаи 19 феврали соли 2019 дар майдончаи варзишии Федератсияи Тэквандои назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз шуда, 19 апрели соли 2019 дар майдончаи варзишии Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Дар чорабинии варзишӣ рақобат миёни 11 даста шуруъ гардид. Дастаҳо дар марҳилаи аввал давраи гурӯҳиро тай намуда, аз миёни онҳо танҳо 4 даста ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳхат ёфт.

Дар даври ниҳоӣ бошад, дастаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” бо дастаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдони рақобат шуданд, ки дар натиҷа Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” бо натиҷаи 2 бар 1 дастаи рақибашро шикаст дода, барандаи “Ҷоми Наврӯз-2019” гардид.

Баъд аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон, ғолибони мусобиқа ҷойҳои зеринро касб намуданд.

Ҷой якум: Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”.

Ҷой дуюм: Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия.

Ҷой сеюм: Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия.

 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН