2 маи соли 2012 байни Бонки Осиёгии Рушд ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оиди лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” ба имзо расид, ки яке аз шартҳои он таъсис додани “Маркази татбиқи лоиҳа” буд.
22 майи соли 2012 Шӯрои БОР амалисозии қисмати маблағгузории хурди лоиҳаи “Рушди деҳот”- ро тасдиқ намуд, ки он 16 апрели соли 2007 оиди дар ҳайати сохтори лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз,” дар чорчубаи таъсиси Маркази Татбиқи Лоиҳаи ягона барои идоракунии ҳар ду лоиҳа, аммо бо доштани суратҳисоботи алоҳида ва бурдани ҳисоботи алоҳида барои ҳар ду қисмат ба имзо расида буд.
Маблағгузории умумӣ барои татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ” 10 миллион доллари амрикоиро ташкил ташкил медиҳад. Ба замми он ба маблағи 700 ҳазор доллари амрикоӣ кумакҳои техникӣ расонида мешавад. Ҳамин тариқ:
- Гранти лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузрии сабз” – 10 млн. доллари ИМА;
- Кӯмаки техникӣ ба лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” – 700 ҳазор доллари ИМА ро ташкил медиҳад.
Барои созмон додани Маркази Татбиқи Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” дар умум 769 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардид, аз он ҷумла:
- Гранти лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” ба миқдори 700 ҳазор доллари ИМА.
Ҷолиби қайд аст, ки Лоиҳа дар бораи таъсис додани Маркази амалисозии лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” дар асоси қарори рақами 37-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2013 тасдиқ гардида буд.
Ҳамчунин қисмати сеюми маблағгузории Лоиҳаи “Ташаккули устуворӣ ба тағйироти иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ” низ илова гардид. Маблағи ин қисмат 4 млн. Доллари ИМА- ро ташкил медиҳад. Дар ин лоиҳа кумаки бевоситаи маблағӣ ба Маркази Татбиқи лоиҳа дар назар дошта нашудааст. Ин қисмат бо истифода аз захираҳои давлатии Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси талаботҳои қатъии пешниҳодгардидаи Фонд оиди тағйироти иқлим, ки лоиҳаро маблағгузорӣ намудааст, татбиқ карда мешавад.
Дар ҷараёни имзогузории созишнома қайд гардида буд, ки мақсади лоиҳа инкишоф ва таҳкими имконоти сохтори маблағгузории хурди Тоҷикистон ва бо роҳи ба хонаводаҳо ҷудо кардани қарзҳои хурд ташкили манзилҳои аз назари истифодаи нерӯ самаранок, фоидаовар ва аз назари экологӣ тоза мебошад.
Вазири молияи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ӽукумат ин созишномаро имзогузорӣ намудааст, дар баромади худ қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳа 11,87 млн. долларро ташкил медиҳад. Қисми асосии маблағгузориро гранти БОР ташкил медиҳад, ки он ба 10млн. доллар баробар аст, кӯмаки техникӣ аз ҷониби фонди Ҷопонии пастгардонии камбизоатӣ дар ҳаҷми 750 ҳазор доллар, маблағи дигар саҳмгирандагон 980 ҳазор доллар ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон 140 ҳазор долларрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин вазир қайд намуд, ки сарфи назар аз аҳамиятнокии лоиҳа оид ба “маблағгузории сабз” нисбати амалишавии он шубҳаҳо зиёд буданд, баҳсу мунозира низ зиёд буд, ва ниҳоят ҷоинибҳо ба хулосае омаданд, ки лоиҳа озмоишӣ мешавад ва он бояд самаранокии чунин тарзи маблағгузориро дар амал нишон диҳад.
Намояндаи доимии БОР да Тоҷикистон Си Си Ю дар ин маврид қайд намуд, ки дар оянда амалишавии бобарори ин лоиҳа имкон медиҳад, ки теъдоди лоиҳаҳо оиди “маблағгузории сабз” дар Тоҷикистон зиёд мегардад ва ҳамчунин, имкон пайдо мешавад, то ки ин лоиҳаро дар дигар кишварҳо таҷриба намоем.
Номбурда қайд намуд: “ Чи хеле ки маълум аст, дар Тоҷикистон мушкилии зиёд дар соҳаи энергетика ба мавсими зимистон рост меояд ва 75 фоизи сокинон бо норасоии нерӯи барқӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамин тариқа, дар доираи лоиҳа ба мардуми Тоҷикистон дар баландшавии огоҳӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрас барои хариди маҳсулоти нерӯгии самаранок мусоидат намуда мешавад.”
Роҳбари БОР дар Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар доираи лоиҳа ба аҳолии Тоҷикистон ва тиҷорати хурд аз тариқи ташкилотҳои хурди молиявӣ барои хариди бомҳои аз назари сарфаи нерӯ манфиатнок, дарҳо, тирезаҳо, сақфҳо ва фаршҳои гарминигаҳдоранда, инчунин обгармкунакҳо ва дигар маводҳои нерӯгии самаранок қарзҳо пешниҳод карда мешавад.
Маблағҳо дар асосӣ лоиҳаи “Таъмини дастрасӣ ба маблағгузории сабз” танҳо ба ташкиотҳои хурди қарзие дода мешавад, ки ба ҳамаи талаботҳои БОР ҷавобгӯ мебошанд. Талаботи асосӣ, бо гуфтаи вазир, устувории фаъолитятҳои маблағӣ, шаффофият, сармояи ойинномавии босубот ва иқтидори муассисаҳо ба ҳисоб мераванд.
Оиди ин масъала ҷонишини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев шарҳу тавсиф дод. Вай қайд кард, ки аз рӯи 10 талабот танҳо ду ташкилоти хурди молиявӣ гузаштанд, онҳо ҶДММ ТХА “Арванд” ва ҶСШП ТХА “Имон Интернейшенал” мебошанд. Онҳо ҳамчун шарикони нисбатан мувофиқ барои лоиҳа қабул гардидаанд, аммо дар оянда илова намудани дигар ташкилотҳо низ аз имкон берун нест.