Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мундариҷа

Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар  лоиҳа гурӯҳи мушовирони соҳаҳои мухталиф ба таври доими фаъолият менамоянд. Лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани ҷанба ва сохтори маблағгузории хурди Тоҷикистон барои инкишофи манзилҳои аз ҷиҳати истифодаи нерӯ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин барои таъмини воситаҳои гармӣ ва рӯшноидиҳандаи муосир  созмон дода шудааст. Лоиҳа ба беҳбудии шароити оилавӣ ва таъмини талаботҳои экологӣ равона гардидааст. Дар айни ҳол, Тоҷикистон 98 фоиз аз нерӯӣ барқи обӣ вобаста аст. Бештар аз 73 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот иқомат доранд. Дар деҳот талабот ба тағйир додани шароити зист бештар аст, зеро ки аксари хонаҳои истиқоматӣ солҳои 60/70- ум сохта шудааст.

Ба воситаи ташкилотҳои хурди қарзии интихобгардида лоиҳа ба хоҷагиҳо ва соҳибкорони хурд барои дастрас намудани  маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз қарзҳои мухталиф пешниҳод карда мешавад. Лоиҳа ба фаҳмиши аҳолӣ оиди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз мусоидат менамояд.

                Дар назди лоиҳа инчунин мутахассис  оиди “маводҳои зеҳнии неруҳои сабз” фаъолият менамояд. Аз ҷониби вай баҳодиҳии мизоҷон нибати маводҳои сабз гузаронида шуда, вариантҳои беҳтари кӯмакрасонӣ дар асосӣ маводҳои нерӯи сабз пешниҳод карда мешавад.  Ба таври димӣ аз ҷониби мутахассиси соҳаи мониторинг ва баҳодиҳӣ фаъолиятҳои таҳлилӣ ва баҳодиҳӣ гузаронида мешавад. Таҳқиқотҳо дар асоси нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ гузаронида мешавад. Дар айни ҳол лоиҳа барои таъмини дастрасӣ ба маблағ оиди хариди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз мусоидат намуда истодааст. 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН