Маблағи умумии лоиҳа бо назардошти ҳамаи ҷонибҳои саҳмгиранда 11 миллиону 120 ҳазор доллари ИМ-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 9, 8 миллион барои қарздиҳӣ пешниҳод шудааст, ки 8, 8 млн. доллар аз ҷониби БОР ва 980 ҳазор доллар аз ҷониби ташкилотҳои қарзии хурд ҳамчун саҳми худ ба лоиҳа маблағгузорӣ шудаст. Маблағи аз ҷониби БОР ҷудо гардида, яъне 8,8 млн. доллар ба ду ташкилоти қарзии хурд: Имон Иртернешенал ва Арванд ба тариқи баробар пешниҳод гардидааст. Чи тавре ки маълум аст, ин ду ташкилот барои маблағгузорӣ дар асоси меъёрҳои қабулшуда интихоб гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳмгузор дар таъмини маблағии ин лоиҳа мебошад ва он 140 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои дастгирии фаъолияти марказ дар шакли пардохти андозҳои мухталиф, масрафоти фавқулодда ва ҳавасмандкунии кормандон истифода хоҳад гашт. Дар умум, маблағгузорӣ аз ҷониби БОР 10 миллион долларро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор, чӣ тавре ки дар боло зикр шудааст, 8,8 миллион барои дастгирии маблағии ташкилотҳои хурди маблағӣ ва 1,2миллион барои дастгирии фаъолиятҳои маркази татбиқи лоиҳа истифода мешавад.
Маблағи аз ҷониби БОР, ки барои қарз пешниҳод гардидааст, тибқи шартнома аз андоз озод мебошад. Ин маблағ барои Ҳукумати Тоҷикистон ба шакли грант дода мешавад. Интиқоли маблағ давра ба давра дар асоси талаботҳои истифодабарандагон ва нақшаи қаблии интиқол сурат мегирад. Дра айни замон ҳамаи маблағи барои қарз пешниҳод гардида, яъне 8,8 миллион доллари ИМ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии хурд дастрас гардидааст ва онҳо ин маблағро барои қарзҳои нерӯҳои сабз ба мизоҷон пешниҳод намудаанд.