Лоиҳаи “Таъмини дастрасӣ ба маблағгузории сабз дар Ҷумҳурии тоҷикистон” аз назари амалисозии сиёсати гендерӣ ба гурӯҳи лоиҳаҳое дохил карда шудааст, ки дар он дараҷаи баланди “ татбиқи самараноки гендерӣ” дар назар дошта шудааст. Вобаста ба ин натиҷаи ниҳоии якум дар лоиҳа чунин қабул шудааст: Аз ҷониби муассисаҳои хурди молиявӣ васеъ гардидани кумакрасонӣ дар робита бо маблағгузории сабз, хосатан дар байни занҳо. Нишондиҳандаи асосӣ дар ин маврид чунин қабул гардидааст, ки 30 фоизи ҳамаи қарзгирандагон бояд зан бошанд. Ҳиссаи умумии фоизи қарзгирандагон дар соли якуми татбиқи лоиҳа 48 фоизро ташкил медиҳад ва ин дастоварди хуб мебошад. Барои амалисозии сиёсати гендерӣ бо мақсади додани манфиати бештар ба занҳо дигар фаъолиятҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Баланд бардоштани дониш ва малакаи кор бо маблағ аз ҷумлаи чунин фаъолиятҳо мебошад. Барои гузаронидани ин фаъолият ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд. Шумораи иштирокчиёни омӯзиши мазкур бояд на камтар аз 400 нафар бошанд. Бо мақсади баланд бардоштани қобилияти занон ва расонидани фоидаи бештар аз истифодаи “маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз” ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯи беҳдошт ва истифодаи дурусти оби нӯшокӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ин нақша ба занҳои маҳаллаҳо омузиш гузаронида мешавад. Барои гузаронидани чунин омӯзишҳо мутахассисони соҳаи беҳдоштӣ ҷалб карда мешаванд. Сабаби гузаронидани чунин омӯзишҳо дар он аст, ки истифодаи нерӯ бо истифодаи об дар хонаводаҳо бо ҳам алоқамандии зиёд дорад. Гузаронидани чунин омӯзишҳо манфиати дигар ҳам дорад. Бо азхуд намудани донишҳо оиди истифодабарии оби гарм ҳолатҳои дар оила маризшавӣ аз баъзе ангезандаҳои микробӣ ва муассир дар байни аъзоёни он, хосатан кӯдакон кам мегарданд.
Соҳаи дигари ба ҳамин самт равона гардида, ташкили мусоҳибаҳои гурӯҳӣ бо намояндагони маҳаллаҳо, хосатан бо занҳо мебошад. Аз ин тариқ ба занҳо оиди самаранок истифодабарии маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз маълумотҳои зиёд ва ҳамаҷониба дода мешавад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ ҳамин аст, ки занҳо оиди чунин маводҳо, ба монади панели офтобӣ, таҷҳизоти барқии каммасраф, обгармкунакҳои офтобӣ ва ғайра маълумоти бештар дошта бошанд, то ин ки ҳамин маводҳоро ба фоидаи худ ва аҳли оила истифода бурда тавонанд.
Дар дораи фаъолиятҳои гендерӣ гузаронидани баҳодиҳӣ низ дар назар дошта шудааст. Баҳодиҳӣ ҳам аз тариқи саволномаҳои инфиродӣ бо кумакгирандагон ва ҳам аз тариқи ташкили фокус гурӯҳҳо ё мусоҳибаҳои гурӯҳӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз ташкил намудани баҳодиҳӣ амиқтар фаҳмидани вазъи гендерӣ нисбати истифодабарии маводҳои зикршуда ва муаян кардани проблемаҳое мебошанд, ки дар занҳо нисбати дастрасӣ ба воситаҳои нерӯӣ ва дастрасӣ ба қарз вуҷуд дорад. Бо кӯмаки мушовири байналмилалӣ ва мутахассиси соҳаи гендер саволнома тартиб дода шудааст ва айни ҳол аз ҷониби кормандони соҳаи қарзии ташкилотҳои хурди молиявӣ истифода шуда истодааст.
Соҳаи дигари амалисозии сиёсати гендерӣ аз тариқи лоиҳа таълими ҳамаи кормандон ва мутахассисоне мебошанд, ки бо амалисозии фаъолиятҳои лоиҳа бавосита ё бевосита робита доранд. Фаъолияти асосӣ дар ин соҳа гузаронидани омӯзишҳо оиди гендер ба ҳисоб меравад. То имрӯз оиди гендер ва роҳҳои амалисозии стратегияи гендерӣ ба мутахассисони маркази татбиқи лоиҳа ва кормандони соҳаи қарзии ташкилотҳои қарздиҳандаи Имон Интернешенал ва Арванд тренингҳо гузаронида мешавад. Соли 2016 низ гузаронидани чунин тренингҳо дар назар дошта шудааст. Яке аз ҳадафҳои гузаронидани чунин тренингҳо дарки беҳтари эҳтиёҷоти занон нисбати маводҳи гармӣ ва рӯшноидиҳанда мебошад.
Дар асоси таъмини дастрасӣ ба маводҳои самараноки нерӯгӣ ва қарз амалӣ намудани сиёсати гендерӣ тарзи нави коргирӣ дар лоиҳаҳои бо рушди ҷомеа алоқаманд ба шумор меравад. Сабаби қабули чунин стратегия дар он аст, ки истифодаи нерӯ дар хоҷагиҳо ба мавқеи зан дар оила ва ҷомеа, ба иштироки вай дар ҷараёни хулосагирӣ ва қабули қарорҳои мухталиф ва аз он ҳам заруртар, ба сифати зисти занҳо таъсири калон мерасонад. Беҳтар кардани дастрасии занон ба воситаҳои алтернативӣ ва самараноки нерӯгӣ ва инчунин ба қарз вазъ ва мақоми занҳоро дар ҷомеа беҳтар мегардонад.