Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти воридгардида ба созишномаи маблағӣ бо ташкилотҳои молиявии хурд

Тағйироти воридгардида ба созишномаи маблағӣ бо ташкилотҳои молиявии хурд

5- уми ноябри соли 2015 ба созишномаҳои маблағӣ бо ворид намудани илова ва тағйирот дар байни муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” ва ташкилотҳои хурди маблағии “Арванд” ва  “Имон интернешенал” ба имзо расид.

         “ Ин қадами муҳим дар роҳи амалисозии лоиҳаи маблағгузории сабз мебошад. Маркази мо барои беҳтар намудани муҳити қарзӣ  икониятҳои васеътареро дар ҷумҳурӣ  ба миён меорад. Иловаҳо ба созишномаи қарзӣ такони нав ба корбарӣ  барои институтҳои молиявии хурд мебошад, ки мо бо онҳо кор мекунем” – қайд намуд,  муовини директори МТЛ Илҳом Нозимов.

Ҷолиби қайд аст, ки ин созишнома илова ба созишномаи аввалаи қаблан ба имзо расида мебошад ва он ҳамчун ҷузъи созишномаи аввалӣ дониста мешавад.

“ Ин илова барои мо аҳамияти зиёд дорад, зеро ки сол ба охир расида истодааст ва мо бояд барои қарзҳои хурде , ки ба аҳолӣ пешниҳод мешавад, маблағҳои иловагӣ дастрас намоем. Ба имзо расидани интиқоли дуюми маблағӣ ба мо имкон медиҳад, ки онҳоро дар муддати кутоҳ азхуд намоем.”

Ч и тавре ки қаблан қайд гардида буд, маблағи расида ба ду ташкилоти молиявии хурд  гузаронида мешавад. Маблағи умумӣ 7 миллион доллар мебошад, муддати созишнома ба 3 сол эътибор дорад. Муддати қарзи иловагӣ аз замони баимзорасӣ 36 моҳро дар бар мегирад.

 Истинод

Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар  лоиҳа гурӯҳи мушовирони соҳаҳои мухталиф ба таври доимӣ фаъолият менамоянд. Лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани ҷанба ва сохтори маблағгузории хурди Тоҷикистон барои инкишофи манзилҳои аз ҷиҳати истифодаи нерӯ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин барои таъмини воситаҳои гармӣ ва рӯшноидиҳандаи муосир  созмон дода шудааст. Лоиҳа ба беҳбудии шароити оилавӣ ва таъмини талаботҳои экологӣ равона гардидааст. Дар айни ҳол  Тоҷикистон 98 фоиз аз нерӯӣ барқи обӣ вобаста аст. Бештар аз 73 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот иқомат доранд. Дар деҳот талабот ба тағйир додани шароити зист бештар аст, зеро ки аксари хонаҳои истиқоматӣ солҳои 60/70- ум сохта шудааст.

Ба воситаи ТХМҳои  интихобгардида лоиҳа барои хариди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз ба хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд қарз пешниҳод менамояд. Лоиҳа фаҳмиши аҳолиро оиди нерӯи сабз баланд мебардорад, ба сарфаи нерӯ мусоидат менамояд ва фаҳмиши онҳоро нисбати дасрасӣ доштан ба интихоби зеҳнии нерӯҳои сабз баланд мебардорад. Аз ҷониби ТХМ кумак расонидан имконоти лоиҳа ва моҳияти онро беҳтар менамояд. Ҳамчунин дар лоиҳа ва дар Маркази татбиқи лоиҳаи назди Вазорати молия муҳандисони “интихоби зеҳнии нерӯҳои сабз” фаъолият менамоянд . Онҳо талаботҳои мизоҷонро ба маводҳои зикршуда омӯхта, вариантҳои беҳтарро интихоб менамоянд ва барои маблағгузории беҳтар машварат медиҳанд.

      Дар айни замон лоиҳа  дар соҳаи  дастрасии беҳтар ва осонтар ба “интихоби зеҳнии нерӯҳои сабз”  фаъолона  кор бурда истодааст. 

 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН