Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хати қарзӣ дар доираи лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”

30-юми июли соли 2014 Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ оиди татбиқи лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” ба маблағи умумии 22,0 млн. Долл. ИМА ба имзо расонида шуд.

Мақсади Лоиҳа аз баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ тавассути зиёд намудани самаранокии занҷираҳои муайяни афзоиши арзиш, инчунин муносибатҳои истеҳсолӣ бо роҳи тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва таҳкими иқтидори Манфиатгирандагони лоиҳа иборат мебошад.

Лоиҳа қисматҳои зеринро дар бар мегирад:

Қисмати I. Баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи техникӣ барои амалӣ намудани тиҷоратикунонӣ;

Қисмати II. Таъмини дастрасӣ ба молия барои корхонаҳои агросаноатӣ ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ;

Қисмати III. Рушди иқтидори институтсионалӣ ва идоракунии Лоиҳа.

Бояд қайд намуд, ки Қисмати II. А лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давалтии Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Дар доираи Қисмати мазкур Хати қарзӣ ба маблағи умумии 8 млн. долл. ИМА татбиқ шуда, мақсади он таъмини дастрасӣ ба қарзҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати барои корхонаҳои агросаноатӣ (ширкатҳои аграрӣ) ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ мебошад. Ташкил ва таъмини фаъолияти қарздиҳӣ тавассути Институтҳои молиявии ҷалбшуда (ИМҶ) ҷиҳати дастгирии (а) қарзҳои миёнамўҳлат ва ба иҷора додан барои сармоягузорӣ бо мақсади маблағгузории техника ва таҷҳизоти муосир; (б) маҳсулоти молиявӣ барои расонидани кўмак дар ташкили занҷираи афзоиши арзиш ва рушди робитаҳои истеҳсолӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағҳои хати қарзӣ барои: а) зиёд намудани воситаҳои гардон, ба монанди қарзҳо барои меваю сабзавот; б) қарзҳои сармоягузорӣ, ба монанди қарзҳо барои харидорӣ ё таҷдиди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, равона карда мешаванд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташиклотҳои кишоварзӣ ҷиҳати гирифтани қарз дар доираи лоиҳаи мазкур метавонанд ба ИМҶ зерин метавонанд муроҷиат намоянд:

  1. ҶДММ ТАҚХ «Имон Интернешнл»
  2. ҶДММ ТАҚХ «Хумо»
  3. ҶДММ ТАҚХ «Дастрас»
  4. ҶДММ ТАҚХ «Музаффарият»
  5. ҶДММ ТАҚХ «Арванд»
  6. ҶДММ ТҚХ «Оксус»
  7. ҶСП «Первый Мирко-Финансовый Банк»
  8. ҶСП «Акссес Банк»
  9. ҶСК «Эсхата Банк»

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё гирифтани маълумоти муфассал, хоҳишмандем ба ташкилотҳои мазкур ё Маркази татбиқи лоиҳаҳои назди Вазорати молияи ҶТ муроҷиат намоед.

Тел: +992 37 221 02 34

Email: info@greenfinance.tj

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН