Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навъи аз назари экологӣ тозаи нерӯ – энергия

Навъи аз назари экологӣ тозаи нерӯ – энергияе аст , ки бо таъсири камтарин ба муҳити иҷтимоию маданӣ,  саломатии ҷомеа ва экологӣ истеҳсол карда мешавад. Навъи тозаи экологии нерӯ гуфта, инчунин энергияи такрористеҳсолшаванда ва устуворро меноманд, зеро ки онҳо аз манбаҳое истеҳсол карда мешаванд, ки тамом намешаванд, ба монанди ..........

Дар мавриди истифодаи энергияи тозаи экологӣ мо зараре, ки аз таъсири истифодаи маводҳои сухт ва канданиҳои зеризаминӣ ба саломатии одамон ва муҳити атроф расонида мешавад, кам карда метавонаем. Навъи тозаи энергетикии экологӣ бе таъсири манфӣ расонидан бо нерӯ маҳаллаҳо, шаҳрҳои калон ва корхонаҳоро  таъмин карда метавонад. Дар баробари ин ҳар гуна “барқи тоза” бартарият ва камбудиҳои худро доранд. Ҳар кадоми он аз шароитҳои маҳаллӣ низ вобаста аст, ба монанди мавҷудияти шамол, рӯшноӣ ва миқдори боришот ва ғайра. Нерӯи барқӣ, ҳатто нерӯи тоза, барои аксари одамон бисёр қиммат буда метавонад. Аммо бо назардошти он ки одамон бештар ва бештар навъҳои тозаи нерӯгиро истифода бурда истодаанд, ва бо назардошти он ки шароитҳои истеҳсоли чунин навъҳои энергетикӣ беҳтар шуда истодааст, имкон дорад,ки истеҳсоли онҳо осон гардида, истифодаашон  бештар дастрас ва арзонтар мешавад.

            Пардохт барои истифодаи “барқи тоза”, яъне насб ва роҳандозии системаҳои барқии дар хонаҳо истифодашавандае, ки бо истифодаи нерӯи офтоб, шамол ё об кор мекунанд, маблағ металабад. Аммо замоне, ки онҳо насб гардиданд, нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо хеле арзон мешаванд. Даромаде, ки аз истифодаи мошинаҳои барқӣ,  ба монанди осёби ордкунӣ ва насосҳои обкашӣ ва имконоти онҳо дар лаҳзаҳо набудани барқи муқаррарӣ маблағи сарфшудаи ибтидоиро  худро пардохт менамоянд. Одамон дар давлатҳои гуногун роҳҳои дастрасиро ба истифодаи энергияи барқии тоза беҳтар ва осонтар менамоянд. Ташкили кооператсияҳои маҳаллие, бо мақсади  пардохти якҷояи арзиши истифодаи  барқ яке аз шаклҳои ҳалли чунин масъалаҳо мебошад. Дигар роҳи ҳалли чунин масоил ташкили барномаҳои қарзии хурд мебошад. Барномаҳои қарзии хурд ба оилаҳо имкон медиҳад, ки дар муддати муаян арзиши таҷҳҳизоти харидаро кам кам пардохт намоянд, на ҳамаашро. Маблағ дар ҳолати ба “фонди қарзии таҷдидшаванда” ворид гардидан бештар дастрас гардида, имкон пайдо мешавад, ки нафарони зиёдтар аз он истифода кунанд ва ба муддати тулонӣ аз нерӯи арзон истифода баранд. Сабаби дигари техникии набудани барқ барои одамон дар давлатҳои камбизоат ва қишлоқҷойҳо вуҷуд надорад. Сабаби набудан барқ дар онҳо, пеш аз ҳама, бо набудани адолати иҷтимоӣ робита дорад. Захира ва нигаҳдории ҳама гуна нерӯи барқӣ бо мақсади манфиатнок будан, дар ҳар ҷо ва замоне, ки зарур аст, бояд ба роҳ монда шавад. Газ ё маводи нефтӣ, ки воситаҳои нақлиётро ба ҳаракат медароранд, дар бакҳои автобусҳо ва мошинҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ба ҳамин восита, онҳо дар ҳолати рондан истифода мешаванд. Дар соҳаи истифодаи нерӯи  барқӣ бо ҳамин мақсад батареяҳо истифода мегарданд. Ҳатто дар ҳолати тамом шудани нерӯи барқии аз сарчашмаҳои тозаи офтобӣ, бодӣ ё обӣ  гирифташуда, он (нерӯ) бояд дар батареяҳо нигаҳ дошта шавад. Батареяҳоро дар системаи истифодабарии нерӯи барқии тозаи экологӣ ҷой додан мумкин аст. Аммо онҳо низ дар таркиби худ маводҳои кимиёвӣ доранд, ки бояд бо гузашти муддати муаян иваз карда шаванд. То ҳол барои батареяҳо ивазкунандаи дигар пайдо нашудааст, ки ҳамчун захира ва нигаҳдорандаи нерӯи барқӣ истифода шаванд. 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН