Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ширкати - HOMSOL

Истехсоли барқ аз офтоб яке аз роҳҳои ҳалли асосии мушкилоти энергетикӣ дар ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон мебошад.

Маќсади ширкати HOMSOL, паҳнкунии фаъоли техналогия дар ҳаёти инсон нигаронида шудааст, ва имконият додани истифодаи энергияи офтоб дар хона мебошад.

Номи ширкати HOMSOL аз омезиши ду калима «HOME» (хона) ва «SOL» (офтоб) ташкил ёфта,  мақсади асосии ширкат таъмин намудани ҳар як оила бо барќ аз офтоб ва ба ҳар як хона истифодаи энергияи гармӣ аз офтоб мебошад.

 

Ҳадафи ширкати HOMSOL - барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ноҳияҳои дурдасти кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмин намудани онҳо бо имконияти ҳар рӯз аз истифодаи қувваи барқ ва гармӣ мебошад.

 

Ширкати HOMSOL аз соли 2009 дар бозори манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаолият намуда, яке аз чойњои намоёнро ишгол гардидааст.

Дар байни мизоҷони корпоративӣ, операторҳои телекоммуникатсионӣ калон дар саросари ИДМ мебошанд.

Таҷрибаи ширкат дар бозори корпоративи:

•   Мутахассисони Ширкат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон панелҳои офтобиро бо иқтидори умумии беш аз 2МВт таъсис додаанд.

•   дорои таҷрибаи муваффақ дар бозори байналмилали (Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Непал, Гурҷистон).

                     • мутахассисони ширкат дорои дониши коршиносии саноати энергияи барқароршаванда мебошанд.

 

Аз соли 2014 HOMSOL системаҳои офтобиро барои шахсони хусуси пешниход менамояд; аз љумла панелҳои офтобӣ ва обгармкунакҳои офтобӣ барои хонањо, танурњои офтобӣ, насосњои оби барои хољагии дењќони пешниҳод мекунад.

Инчунин дар ассортименти ширкат, UPS (таъмини ќувваи беист) барои иншоотњое ки ќувваи барќ кутоњмуддат хомуш карда мешавад пешниход карда мешавад.

Системањои офтобии HOMSOL дар амалиётњои нерӯи барқ барои иншооти равшанӣ ва гармӣ худро мусбат нишон дода ва натиҷаҳои баландро дар табдил додани энергияи офтобӣ сазовор аст.

Лоиҳаи Сабзи молиявии Green Finance имконият медихад ки хариди таҷҳизотњои HOMSOL -ро кироя бо шароити махсус аз бонкҳои Imon ва Арванд бигиранд.

Кори ширкат ва кӯмак дар ҳалли масъалаи энергетика ва таъмин бо об - бо риояи пурраи ҳадафҳои давлатии ҶТ мебошад. Дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии бузург, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ба монанди панелҳои офтобӣ ва обгармкунакњои офтоби, метавонад сатҳи зиндагии мардумро беҳтар кунад.

 

Махсулоти ширкат:

  1. Системаҳои барқии офтобӣ иқтидорҳои гуногун барои истеҳсоли қувваи барқ.
  2. Коллекторҳои офтобӣ барои гарм кардани об.
  3. Насосњои офтоби барои таъмин кардан бо об.
  4. панелҳои офтобӣ барои фаъолияти насосњои оби яке аз имконоти қабулшаванда бештар бо норасоии об дар минтақаҳои дурдаст мебошад. Ин усул ба таври назаррас метавонад кам кардани истеъмоли сӯзишвории дизелӣ гардад, ва низ барои пешгирии таъсири зарарнок ба муҳити зист гардад.
  5. Аккумуляторхо.
  6. Системањои UPS.
  7. Инверторхо. 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН