Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Таъмини устуворӣ ба тағйироти иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ”

Ҳадафи асосии лоиҳаи  “Таъмини устуворӣ ба тағйироти иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ” баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои дар ҳавзаи дарёи Панҷ ҷойгиршуда  мебошад.  Лоиҳа аз чор қисматҳои ҷузъӣ  иборат аст: қисмати якум аз бунёди  устувортари  системаи ҳимоят аз обхезиҳо иборат аст, ки ба он барқарорсозии сохтори идоракунии ҳолатҳои обхезӣ ва ташаккули иқтидори кумитаҳои идоракунии ҳолатҳои фавқулодда дохил мешавад; дуввум ин ташкили системаи обёрии босуботтар мебошад, ки аз ташаккули  инфрасохтори обёрӣ  ва беҳтар гардонидани имкониятҳои ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон иборат аст;  сеюм бунёди системаи нисбатан устувори таъмини оби нӯшокӣ мебошад, ки  ба он дар ҷомеаҳои хеле эҳтиёҷманд барқарорсозии инфрасохтори таъмини оби нӯшокӣ ва ташаккули имкониятҳои гурӯҳҳои истифодабарандагони он дохил  мешавад; чорӯм аз таъмини маблағӣ иборат аст, ки ба гурӯҳҳои нисбатан осебпазир, алалхусус ба занҳо бо мақсади  таъмини хизматрасонии қарзӣ дар соҳаи балангардонии суботи иқлимӣ пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳа ба восита иҷрои кору амалҳои  ҷисмонӣ ва ғайриҷисмонӣ амалӣ карда мешавад. Дар баробари иҷрои корҳои ҷисмонӣ, ба монанди соҳилбандӣ, насб намудани насосҳои обкашӣ ё тоза кардани заҳбурҳо ва ғайра,  дар лоиҳа боз баланд бардоштани малакаи корбарии сохторҳо ва системаи  идоракунӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи истеъмолкунандагон низ дар назар дошта шудааст. Лоиҳа ба “Барномаи стратегии устувории иқлимии Тоҷикистон” дохил карда шудааст. Ҳамчунин лоиҳа бо барномаи стратегии дарозмуддати БОР нисбати дастгирии давлатҳои рӯ ба инкишоф (“Стратегия 2020”)  дар соҳаи баланд бардоштани устувории иқлим  мувофиқат менамояд. Таъсири  лоиҳаро дар беҳбудии манбаъҳои зисти аҳолии  ҳавзаи дарёи Панҷ зоҳир мегардад, ки нисбати тағйирёбӣ ва дигаршавии иқлим хеле  мутаассир мебошанд. Натиҷаи ниҳоии лоиҳа паст гардидани таъсири манфии тағйирёбӣ ва дигаргуншавии иқлим дар 59 қишлоқи 19 ҷамоатӣ ҳавзаи дарёи Панҷ мебошад.

Маблағи умумии лоиҳа 22,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз фонди стратегияи иқлимии БОР дар шакли грант ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Дар лоиҳа чор натиҷаи фосилавӣ пешбинӣ шудааст:

  1. Барқарор намудани инфрасохтор барои ҳимоя аз обхезӣ ва тағйирёбии иқлим дар 10 ҷамоат,
  2. Ба тағйирёбии иқлим устувор будани системаи обёрӣ  дар ҳашт ҷамоат,
  3. Инфрасохтори ба тағйироти иқлим босубот дар ҳафт ҷамоат,
  4. Таъмини дастрасӣ ба қарзҳои хурд ва депозитҳои хурд барои мусоидат  намудан ба устувории иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ.

Лоиҳа аз ҷониби се муассисаи шарик, яъне  Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию комуналӣ ва  вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қисмати чорум, ки бо дастгирии ташкилотҳои хурди қарзӣ ва   таъмини дастрасии қарз ба деҳқонон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, инчунин  оилаҳои осебпазир дар робита бо ташкил намудани манбаҳои нави даромад алоқаманд аст,  амалӣ карда мешавад.  Маблағи барои амалисозии қисмати чорум пешбинишуда  3,6 миллион  долларро  ташкил медиҳад. Аз ин сумма барои пешниҳоди қарз 2,8 миллион доллар ҷудо гардидааст. Аз ҷониби муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” –и  назди Вазорати молия ба се ташкилоти хурди қарзӣ: ТХД Имон Интернешенал, ТХҚ Осус ва ТХД Ҳумо маблағи қарзӣ пешниҳод гардидааст. Дар айни ҳол аз ҷониби ду ташкилоти хурди маблағӣ: Имон Интернешенал ва Оксус ин маблағ пурра азхуд гардидааст.  

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН