Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азхудкунии маблағи “Маблағгузории сабз” аз ҷониби Ташкилоти депозитивии хурди “Имон интернешенал”

Маблағгузории сабз

  • Дастоварди калони “Имон интернешенал” дар соли ҷорӣ иштирок дар амалисозии лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз”-и Бонки Осиёгии Рушд мебошад.
  • Лоиҳа ба оилаҳои тоҷик дар беҳтар намудани дастрасӣ ба нерӯ ва дар баланд гардидани смаранокии нерӯгии манзилҳо  тавассути маблағгузории итихоби зеҳнии нерӯҳои сабз мусоидат менамояд.

Нишондиҳандаҳои миқдории амалисозии лоиҳа ( муддат: январ то августи 2015)

Миқдори қарзҳои пешниҳодшуда  1407

Сандуқи қарзии фаъол (TJS) 12 378 891

Андозаи миёнаи қарзӣ (TJS) 8 800

Фоизи қарзҳои ба занҳо пешниҳодшуда 40%

Фоизи қарзҳои ба аҳолии деҳот  додашуда 65%

Самтҳои асосии маблағгузорӣ

  • Бастаҳои шишагии пластикӣ ва чӯбӣ
  • Воситаҳои гарминигаҳдорандаи фаршу деворҳо
  • Насосҳои обкашии самараноки барқӣ 
  • Таҷҳизоти гармидиҳандаҳои самаранок
  • Панелҳои офтобӣ

Проблемаҳои бо амалисозии лоиҳа алоқаманд

  • Таблиғоти бартарияти технологияи самаранок ва манбаҳои алтернативии нерӯгӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда нашудааст,
  • Даромади пасти аҳолӣ, хосатан дар деҳот, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои дарозмуддати технология ва таҷҳизоти аз ҷиҳати нерӯ самаранок имкон намедиҳад,
  • Аз сабаби набудани имтиёзҳо нисбати воридоти дастгоҳ ва таҷҳизот миқдори дастгоҳҳои пешниҳодшуда кам буда, интихоби онҳо маҳдуд аст,
  • Набудани коркарди чунин таҷҳизот дар корхонаҳои маҳаллӣ.

Пешниҳодот оид ба  пешбарии амалисозии лоиҳа

  • Ташкил намудани чорабиниҳои таблиғотӣ нисбати бартарияти манбаҳои алтернативии нерӯгӣ ва таҷҳизоти самараноки нерӯгӣ аз тариқи воситаҳои ахбороти умум,
  • Дар Тоҷикистон ташкил намудани муҳити мусоид барои рушди таъмингарон ва истеҳсолкунандагони технологияи самараноки нерӯгӣ ва таҷҳизот,
  • Ба ҳукумат пешниҳод намудан оиди имтиёзҳои андозӣ ба воридсозандагони таҷҳизоти самараноки нерӯгӣ ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ,

Барномаҳои иҷтимоӣ

  • Бо панелҳои офтобӣ таъмин намудани хонаи куҳансолон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои равшании ҳуҷраҳо,
  • Ҷиҳозонидани як идораи ИМОН бо технологияи самараноки нерӯгӣ ва ташкили майдончаҳои намоишӣ дар назди ҳамин идора.

Намунаи дастоварди мизоҷон

  • Раупов Солеҳ  духтури стансияи кумакҳои фавқулодии ноҳияи Фархор аст. Вай барои ҳалли масъалаи қаътшавии тағзияи нерӯ барои хонааш 2 панели офтобӣ харид.  

Як панели офтоби имкониятҳои зеринро доро мебошад:

Истифодаи чор лампа,

Истифодаи як телевизор,

Таъмин нерӯгии як ноутбук ва чор телефони мобилӣ.

Бурова Сураё, муаллимаи мактаби миёна аз шаҳри Ваҳдат

“ Дар мавсими зимистон бо сабаби маҳдудияти таъмини барқ ман ва 5 кӯдаки мактабхонам дар назди шамъ нишаста дарс таёр мекардем. Шунидам, ки ИМОН барои манбаҳои алтернативии барқӣ қарзҳои сабзро пешниҳод менамояд. Ман ба қарор омадам, ки панели офтобӣ харида, ин мушкилиро ҳал намоям.”

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН