Соли 2014 дар Тоҷикистон лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” фаъолияти амалии худро оғоз намуд, ки сарпарастони асосии он Бонки Осиёгии Рушд ва Вазорати молияи Тоҷикистон мебошанд. Мақсади лоиҳа мусоидат намудан ба ҳалии проблемаҳои аҳолии ҷумҳурӣ аст, ки аз норасоии нерӯи барқӣ дар мавсими зимистон азият мекашанд.
Таҳқиқоти БОР нишон дод, ки тақрибан нисфи оилаҳое, ки аз норасоии нерӯи барқи бо душворӣ рӯ ба рӯ шудаанд, майлу хоҳиши дастрас намудани панелҳои офтобиро доранд.
Дар доираи лоиҳа ба аҳолии Тоҷикистон ва соҳибкории хурд тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ барои хариди бомҳои гарминигаҳдоранда, дару тирезаҳо, фаршҳои гармидиҳанда, обгармкунакҳо ва дигар таҷҳизоти аз назари истифодаи барқ самаранок қарзҳои гуногун пешниҳод карда мешавад. Маблағ барои корбарӣ аз тариқи ин лоиҳа на ба ҳама ташкилотҳои қаррзии хурд пешниҳод гардидааст, балки фақат ба ташкилотҳое дода шуд, ки ба талаботҳои зерин, мисли устувории молиявӣ, шафофият, капитали ойинномавии боэътимод ва имконияятҳояш ҷавобгӯ бошанд. Ташкилоти Хурди Депозитивии “Арванд” ба саффи ғолибон ворид гардид.
Нерӯи алтернативӣ роҳҳои мухталифи бадастории энергетикиро дар бар мегирад, ки аз манбаъҳои дастраси барқароршаванда ва падидаҳои табии (шамол, нурҳои офтобӣ, ҷараёни мавҷҳои обӣ ва ғайра) ба даст оварда мешавад. Бартарияти сарчашмаҳои барқароршаванда дар он аст, ки онҳо ба муҳити атроф ва инсон таъсири манфӣ намерасонанд ва иловатан, самаранок мебошанд.
Омори амалишавии лоиҳа:
- Шумораи қарзҳои пешнидшуда- 2 563,
- Сандуқи қарзии фаъол(TJS) – 7 130 039,
- Андозаи миёнаи қарзӣ(TJS) - 4 950,
- Фоизи қарзҳои ба занҳо пешниҳодшуда -51%,
- Фоизи қарзҳои ба аҳолии деҳот пешнидшуда -45,6%
Таърихи муваффациятҳои мизоҷон:
- Гадоева Майрам Аслиддиновна- аз соли 2011 мизоҷи фаъоли ҶДММ ТХД “Арванд” дар шуъбаи Ҷ. Расулов мебошад. Марям фарзандоне дорад, ки ба таҳсили хуб эҳтиёҷ доранд, илова ба он ки хароҷоти хона ҳам зиёд буд. Аз ин рӯ вай дар бозори озуқаворӣ нуқтаи савдои худро ташкил кард. Ғайр аз фаъолитяти соҳибкорӣ вай дар хона бо истеҳсоли қандҳои миллӣ (ҳалво ва парварда) машғул аст. Фоидаи аз корҳо бадастомада танҳо барои маводи хурока, сару либос ва таълими кӯдакон сарф мешуд, аммо барои таъмири хона пул ҷамъ карда намешуд. Вазъи мавҷуда Марямро водор намуд, ки вай барои “қарзҳои хурд” ба ТХД “Арванд” муроҷиат намояд. Бо маблағи гирифта ӯ ба боми хона маводи гарминигаҳдоранда насб намуда, хонаро таъмир сохт. Марям барои дастгирӣ аз ташкилоти “Арванд” ва кормандони лоиҳа миннатдор буда, ба ҳакории оянда боварӣ дорад.
- Рӯзиева Хуршеда Алимовна – мизоҷи шӯъбаи Исфарагии ҶДММ ТХД “Арванд” мебошад. Дар беморхонаи ноҳиявӣ ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекунад. Хуршеда хонаашро таъмир кардан мехост, лекин маблағи оилавӣ танҳо барои хароҷоти оилавӣ сарф мешуд. Дарки моҳияти маблағҳои зарурии оилавӣ ӯро водор намуданд, ки ба ташкилт муроҷиат намояд. Ба воситаи “Қарзи сабз” ӯ дар ҳуҷраҳояш тирезаҳо ва дарҳои гарминигаҳдоранда насб намуд. Қарори баровардаи Хуршеда дуруст буд. Вай тавонист,ки муҳити зисти манзилҳи истиқоматиашро бароҳаттар намояд. Хуршеда барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа муваффақият мехоҳад.