Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фокус группа дар шахри Вахдат

Рӯзи чоруми июл дар доираи фаъолиятҳои лоиҳавӣ бо муаллимони мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ гузаронида шуд.  Ин вохӯрӣ бо мақсади интишори  ахборот оиди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз ва матраҳ сохтани масоили бо истифодаи он марбута гузаронида шуд. Дар давоми суҳбат ба иштирокчиён оиди лоиҳаи амалишаванда, маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз ва маблағгузории сабз, ки бо дастрас намудани ин маводҳо вобаста аст, маълумот пешниҳод карда шуд. Дар вохурӣ намояндагони ташилотҳои HOMSOL ва Geres низ иштирок доштанд. Онҳо маводҳои худро ба маърази намоиш гузошта, оиди онҳо ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Рустам, менеҷери ширкати HOMSOL, панелҳои офтобиро намоиш дода, оиди принсипи кории онҳо  маълумоти пурра пешниҳод намуд. Пешниҳоди таҷҳизоти мазкур барои иштирокчиён марқангез буд. Онҳо нисбати истифодаи ин панелҳо  ва дастрасии он саволҳои зиёд доданд. Намояндаи ширкат ба ҳамаи саволҳои онҳо ба таври муфассал ҷавоб дод.

                Дар қисми асосии вохурӣ бо иштирокчиён кори гурӯҳӣ гузаронида шуд. Иштирокчиён дар ҷараёни иҷрои супориш масъалаҳои марбути таъмин ва истифодаи нерӯгиро маълум намуданд. Дар атрофи пешниҳодоти иштирокчиён оиди фаъолиятҳо оилавӣ дар мавзӯӣ таъмини воситаҳои нерӯгӣ  ва мушкилотҳои он баҳсу мунозира ҷараён гирифт.  Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки истифодаи воситаҳои алтернативии муосири нерӯгӣ аз ҷиҳати истифода самаранок буда,  ба хоҷагиҳо фоидаи зиёд оварда метавонад.

Ҷараёни мусоҳиба аз ҷониби мушовирои байналмилалии Бонки Рушди Осиё  Сагар Габбӣ ва Валид Мадҳун мушоҳида карда мешуд. Мушовирон ба ташкил ва гузаронидани мусоҳибаи мазкур баҳодиҳӣ намуда, қайд кардан, ки идомаи чунин мусоҳибаҳо дар манотиқи дигар барои расидан ба ҳадафҳои лоиҳа  мусоидат намуда метавонад. 

              

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН