Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисобот оиди фаъолияти Муассисаи Давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” – назди Вазорти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисобот оиди фаъолияти Муассисаи Давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” – назди Вазорти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-уми декабри соли 2016

Муассисаи Давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисматхои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионро, ба маблағи умумии 37,4 млн. доллари амрикоӣ татбиқ намуда истодааст.

 Аз ҷумла аз ҳисоби:

- гранти Бонки Ҷаҳонӣ 9,0 млн. доллари амрикоӣ;

- грантҳои Бонки Осиёгии Рушд 13,6 млн. доллари амрикоӣ;

- қарзи Бонки Ҷаҳонӣ 8,8 млн. доллари амрикоӣ;

- Бенефисиарҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ 5,7 млн. доллари амрикоӣ;

- ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,3 млн. доллари амрикоӣ.

Бояд қайд намуд, ки ин қисматхои мазкурро Марказ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии беҳдошти замин ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Фаъолияти асосии Марказ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар пешниҳоди қарзҳо ба аҳолӣ буда, мақсади асосии қисматҳо чунин мебошанд:

- тақвияти низоми микроқарздиҳии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаи қувваи барқ;

- истифодаи манбаъҳои алтернативии энергияи сабз ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизотҳои барқии каммасраф;

- таъмини хизматрасонии молиявӣ ба гуруҳҳои осебпазир хусусан занҳо;

- баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;

- баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ;

- беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии мукаммалгардонидашудаи иттилоотӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим.

Аз аввали сол то 31 декабри соли 2016 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардидаи Марказ 3,4 млн. доллари амрикоӣ ё 101%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Умуман аз аввали татбиқи лоиҳаҳо маблағи умумии азхудгардида 14,2 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 13,4 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 94,5 ҳаз. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ, 696,7 ҳаз. доллари амрикоӣ ҳиссаи бенефитсиарҳо ва 56 ҳаз. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.

Муассиса айни ҳол бо ҳашт ташкилоти қарзии кишвар, аз ҷумла «Имон Интернешнл», «Ҳумо», «Дастрас», «Фардо», «Арванд», «Аксес Бонк», «Эсхата Бонк» ва «Оксус» Созишномаҳои зерқарзӣ ба имзо расонидааст.Ба ташкилотҳои қарзӣ тибқи талаботи Бонки Осиёгии Рушд маблағҳо бо пули миллӣ бо меъёри фоизи бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати 3 ва 5 сол ва тибқи талаботи Бонки Ҷаҳонӣ бошад, пули миллӣ бо меъёри фоизи бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ва доллари амрикоӣ бо меъёри тақрибан 4 фоиз (бо меъёри фоизи LIBOR 6 моҳ ҷамъи 3 фоиз) ба муҳлати 5 сол, бо дарназардошти муҳлати имтиёзнок пешниҳод шуда истодааст.

Тибқи ҳисоботҳо ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 79,4 млн. сомонӣ ба 8800 нафар, 3500 зан ва 5300 мард дар 52 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.Аз ҷумла барои чорводорӣ ва растанипарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғпарварӣ, хариди тухмӣ, хариди таҷҳизоти хонагии каммасраф, хариди панелҳои офтобӣ, иҷораи техникаи кишоварзӣ ва хариди насосҳои каммасраф равона карда шудаанд.

Дар соли 2017 Марказ фаъолияти худро дар самти татбиқи самаранок ва саривақтии лоиҳаҳо давом дода, ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо воситаҳои пулӣ чораҳои заруриро меандешад.

 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН