Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум

Беш аз ду сол мешавад, ки лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Аз ҷониби лоиҳа ба кумакгирандагони зиёде қарзҳои сабз пешниҳод гардиданд, ки онро ҳамчун дастоварди лоиҳа ҳисобидан мумкин аст. Аммо омили  дигаре,  ки ҳамчун масъалаи ҳалталаб дар лоиҳа боқӣ модааст, сатҳи нисбатан пасти маълумотнокии мардум оиди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз мебошад. Иловатан ба ин, одамон ҳанӯз дар бораи  робитаи истифодаи ин маводҳо бо масоили гендерӣ дониши кофӣ надоранд.  Бо назардошти ҳамин масъалаҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази татбиқи лоиҳаҳо  дар чор ноҳияи минтақаи Хатлон семинарҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуданд. Ин семинар-вохуриҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони қарзии ташкилоти қарзии хурди “Имон интернешенал”  ва ташкилоти “Ҳомсол”  гузаронида шуданд. 

Дар ҷараёни суҳбатҳои баргузоргардида ба иштирокчиён оиди маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз, манфиатҳои истифодаи маводҳои барқии каммасраф, роҳҳои дастрас намудани қарзҳои мақсаднок ва тарзи пардохти он, инчунин оиди масоили гендерӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.  Таваҷҷуҳи одамон ба панелҳои офтоб хеле зиёд буд, зеро ки аксари онҳо аз манфиатҳои истифодабарии ин панелҳоро қаблан хабардор набуданд. Чизи дигаре ки иштирокчиён оиди он саволу ҷавоби зиёд намуданд, самаранокии истифодабарии лампаҳои каммасраф буд. Барои муқоиса намудан ба онҳо ҷадвали махсус пешниҳод карда шуд. Дар ҷадвал фарқияти лампаҳои тасфон, элюминатсионӣ ва диодӣ нишон дода шудааст. Иштирокчиён хулоса намуданд, ки истифодаи лампаҳои диодӣ самаранок буда, ба сарфаи хароҷоти пулӣ мусоидат менамоянд.

Дар умум  21 семинар гузаронида шуд, ки дар онҳо 660 нафар намояндагони хоҷагиҳо, ҳокимияти маҳаллӣ ва аъзоёни маҳаллаҳо иштирок намуданд. 220 нафари иштирокчиён занҳо буданд. Барои дастрас гардонидани маълумоти бештар брошюраҳои гуногун тақсим карда шуд. Қаноатмандии одамон аз иштирок дар семинарҳо зиёд буд, барои гирифтани маслиҳатҳои иловагӣ шумораи телефонҳои мутахассисон ва муассисаҳои дахлдорро сабт менамуданд.

                Маркази татбиқи лиҳаҳо тасмим гирифтааст, ки гузаронидани чунин семинарҳоро дар соли 2017 идома диҳад. Феълан барои ташкили ин чорабинӣ омодагӣ гирифта мешавад.

                               

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН