Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлисҳои фаҳмондадиҳӣ дар дараи Ромит

Аз 7 уми август то 12 ум дар минтақаи дара Ромит 6 семинар- вохуриҳо гузаронида шуд. Ин вохуриҳо дар маҳаллаҳое гузаронида шуданд, ки бо таъмини барқ мушкилӣ доштанд. Масалан, деҳаи Деҳпир барои таъмини барқ аз генератори хурде истифода мекунанд, ки ба сокинон дар як шабонарӯз ба муддати 4- 5  соат барқ медиҳад. Бинобар ин, аҳолӣ онро танҳо шабона истифода мекунанд. Мушкилии дигар дар он аст, ки қисмҳои механикии дастгоҳи барқдиҳӣ зуд –зуд вайрон мешаванд ва аҳолӣ ба муддати муайян то таъмир гардидани он  аз барқ маҳрум мешаванд. Сабаби дигари интихоби ин минтақа дар он буд, ки дар ин дара чуб ҳамчун манбаи асосии гармдиҳӣ истифода мешавад ва аҳолӣ дар рӯзҳои офтабӣ бештар бо ҷамъ намудани ҳезум машғул мебошанд. Аксар маврид ин корро кудакон, наврасон ва занону духтарон иҷро мекунанд.

                Дар ҷараёни суҳбатҳо бо намояндагони маҳаллаҳо оиди воситаҳои замонавии манбаи равшанӣ ва гармӣ суҳбатҳо гузаронида шуд. Ба онҳо оиди “Маводҳои зеҳнии нерӯҳои сабз” ва самаранокии истифодаи онҳо маълумот пешниҳод карда шуд. Таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохурӣ ба панелҳои афтобӣ хеле баланд буд. Оиди истифодаи он саволҳои зиёд медоданд.

                Масъалаи дигаре, ки мавқеи баҳсу мунозира қарор гирифт, кам кардани меҳнати занону духтарон дар ҷамъ намудани ҳезум буд. Ба куҳҳои баланд баромада ҳезум ҷамъ кардан ва онро бардошта ба поён фаромадан барои занон ва духтарон ҳам кори вазнин ва ҳам хатарнок мебошад. Маълум гардид, ки аксар ҷавонон ва мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ва занҳо маҷбур мешаванд, ки ин корро худашон иҷро кунанд.

                Дар охири маҷлисҳо оиди дастрас намудани панелҳои офтобӣ ва дигар маводҳои зеҳнии неруҳои сабз хулосагирӣ карда шуд. Қобили қайд аст, ки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо кумаки зиёд намуданд. Иштирокварзии сокинони маҳаллаҳо низ дар сатҳи баланд буд. 

    

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН