Вазорати Молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзишҳо дар самти маълумотнокии аҳолӣ

    Баланд бардоштани маълумотнокии одамон дар бораи “маводҳои зеҳнии неруҳои сабз” яке аз самтҳои бартариятнок дар лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” мебошад. Кормандони лоиҳа ин фаъолиятро ду сол инҷониб бо воситаҳои таблиғотӣ ва гузаронидани омӯзишҳои фаҳмондадиҳӣ иҷро карда истодаанд. Дар давоми як моҳи охир дар 10 маҳаллаи ду ноҳия: Дӯстӣ ва Қубодиён бо ҳамин мақсад семинарҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Маҳаллаҳо бо пешниҳоди ҳокимияти ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо интихоб гардиданд. Дар ин семинарҳои ташкилшуда беш аз 300 нафар аҳолии деҳоти интихобшуда иштирок намуданд.

            Дар давоми семинарҳо ба иштирокчиён оиди маводҳои зикршуда, ба монанди панелҳои офтобӣ ва коллекторҳои офтобӣ маълумот пешниҳод гардид. Аз назари мавқеи географӣ ва табии Тоҷикистон  самаранок будани истифодаи ин маводҳо ба иштирокчиён шарҳ дода шуд ва онҳо кушиш менамуданд, ки ҳамаи омилҳои пешниҳодшударо дар дафтарҳои худ сабт намоянд. Оиди истифодаи панелҳо ва роҳҳои дастрас намудани онҳо бо иштироксиён мусоҳибаҳои зиёд гузаронида шуд.  
            Мавзӯи дигаре, ки барои  иштирокчиён шавқманд ба назар мерасид, самаранокии истафодаи лампаҳои каммасраф буд. Барои муқоисаи самаранокии лампаҳо ба иштирокчиён ҷадвали истифодаи лампаҳои тасфон ва диодӣ пешниҳод карда шуд. Дар ҷараёни таҳлили ҷадвали муқоисавӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки истифодаи лампаҳои диодӣ аз назари сарфа намудани бюджети оилавӣ хеле манфиатнок мебошад, зеро ки маблағи пардохти ҳаққи барқ бо истифодаи яксолаи лампаҳои тасфон 214 сомонӣ, лекин бо лампаҳои диодӣ 28 сомониро барои як оила ташкил медиҳад.

Чил фисади иштирокчиёни семинар занҳо буданд. Бо занҳо оиди мушкилиҳои хоҷагидорӣ, ки бо таъмини нерӯи гармӣ алоқаманд аст, сӯҳбат гузаронида шуд. Бо онҳо ба таври интихобӣ нисбати  проблемаҳои мавҷудаи ҳамин соҳаи хоҷагидорӣ таҳлили сабабӣ гузаронида, таъсири онҳо низ маълум карда шуд. Аз муҳокимаҳо ва баромадҳои онҳо бар меомад, ки истифодаи коллектори офтобӣ, ки бо гарм кардани об вобаста аст, мушкилии онҳоро дар корҳои оилавӣ хеле осон мегардонад. Чи тавре  ки онҳо қайд намуданд, вақти зиёди худро ҳар рӯз дар гарм кардан ва истифода бурдани об сарф менамоянд.

Дар охири ҳар семинар ба иштирокчиён лампаҳои каммасраф ҳадя карда шуд. Онҳо аз дастрас намудани лампаҳо хурсанд буданд. Пеш аз тақсаими лампаҳо оиди ҳамин мавод, яъне лампаҳои диодӣ, хосиятҳои техникии вай ва равшании вай маълумот пешниҳод гардид. Барои иштирокчиён далели он ки муддати истифодаи  лампаҳои диодӣ 30000 соат мебошад,  мароқангез буд. 

            Семинарҳо бо дастгирӣ ва ҳамкории намояндагони ҳокимияти ноҳияҳо гузаронида шуданд. 

Шарикон

Ахбороти иловагӣ

Маблағгузории сабз - таъмин дастгирии баланд ва ёрӣ ба аҳолии, ки ин барнома аст, ки ба инкишоф ва дастгирии ...
Greenfinance
Маълумоти бештар
ХОНДАН